Дар Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2024» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 18.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ дар Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2024» гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Озмун аз рӯи равияи фанҳои дақиқ ва равияи фанҳои гуманитарӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ доир шуда, ба ғолибон мукофотпулиҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида мешаванд.
Даври аввали озмун дар факултетҳо, даври дуюми озмун байни ғолибони даври аввал гузаронида шуда, ғолибон ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Ғолибони даври ниҳоӣ аз ҷониби ҳайати комиссияи ваколатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муайян мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






