Дар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ мавриди амал қарор доранд
ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои таъмини иҷрои ҳадаф ва афзалияти стратегӣ ҳоло дар мамлакат ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ мавриди амал қарор доранд, ки тибқи Нақшаи Гурӯҳи корӣ дар соли 2023 ҷараёни иҷрои 26 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ бояд мониторинг ва арзёбӣ гардида, вобаста ба ҳолати иҷрои онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои муфассал ирсол шаванд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ иттилоъ дода шуд.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони вазорату идораҳои аъзо ва ҳисоботдиҳанда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ҳисоботдиҳанда ва намояндагони дигар ҷонибҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҷаласа раванди иҷрои 10 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати ҳолати иҷрои онҳо аз ҷониби вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб гузориш ва рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд.
Вобаста ба ин дар ҷаласа иҷрои барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллӣ аз рӯи лоиҳаҳои банақшагирифта, сарчашмаҳои маблағгузорӣ, нишондиҳандаҳои соҳавӣ ва мушкилоти бавуҷудомада дар раванди татбиқи онҳо мониторинг ва арзёбӣ гардид.
Дар охири ҷаласа вобаста ба такмил додани супоришҳои пешниҳодгардида ва нишондиҳандаҳои он қарорҳои дахлдор қабул шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад






