Дар Тоҷикобод ва Рашт иди Садаро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
ТОҶИКОБОД, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил гардид. Фаъолону кишоварзон ва дигар сокинон дар макони баргузории ин чорабиниҳо гулхан афрӯхта, дар атрофи он шодиву хурсандӣ намуда, омодагии худро ба давраи муҳайё сохтани шароит барои кишту кори баҳорӣ нишон доданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ додааст.
Таҷлили расмии Сада далели он аст, ки мардуми шарафманди ин ноҳияҳо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангӣ оварда, эҳёи онҳоро вазифаи асосиашон медонанд. Аз ин хотир, анъанаву расму оин ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор дошта, соҳиби маданияти баланди заминдорӣ будааст, то имрӯз зинда боқӣ монда, ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.



Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дар ин ҷашни таърихӣ намоишгоҳҳои идона, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ иборат мебошанд, доир шуда, аз меҳнати содиқонаву софдилонаи кишоварзони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дарак медиҳанд.
Сада ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадааст. Таҷлили расмии ин ҷашн далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангӣ рӯ овардаю эҳёи онҳоро вазифаи бошараф медонад. Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат буда, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз, инчунин омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ маҳсуб мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод










Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






