Дар вилояти Хатлон озмуни «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон озмуни «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Озмун бо ибтикори Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, донистани таърихи пурифтихори миллати тоҷик, тақвияти ватанпарастиву миллатдӯстӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда тавассути донистани асарҳои Пешвои миллат амалӣ мегардад.
Озмун дар байни гурӯҳҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 7-11); омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, кормандони шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои зерсохтори он гузаронида мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






