ЭҲТИЁТ АЗ БОРИ АЗ АНДОЗА ЗИЁД! Роҳу пулҳои бо харҷи зиёди маблағ сохташударо мошинҳои гаронвазн корношоям месозанд

Январь 10, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Нақлиёти автомобилӣ дар таъминоти логистикии иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дорад, зеро аксари борҳо дар мамлакат (беш аз 90%) маҳз тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд. Аммо  ин ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон менамоянд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои дахлдор ва муассисаҳои зертобеи вазорат изҳори нигаронӣ намуд.

Вазири нақлиёт навореро мисол овард, ки дар он дида мешавад, ки дар ҳудуди деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ мошини боркаши «Дулан» ҳангоми интиқоли сангу шағал аз болои пули нақлиётии байни деҳаҳои Тугарак ва Хосаи Қурбон бо вазни аз меъёр зиёд (тақрибан 50-52 тонна) гузашта,  боиси шикаста ва фурӯ рехтани ин пул гардидааст. Андозаи пул 33 бар 3 метр буда, пеш аз он аломати роҳ бо нишондоди иқтидори борбардории пул – 40 тонна насб шудааст.

Тавре Вазири нақлиёт изҳор дошт, буҷети давлат ҳамасола даҳҳо миллион сомониро аз сабаби бо вазни аз меъёр зиёд дар роҳҳо ҳаракат намудани мошинҳои боркаш аз даст медиҳад. Аммо дар пешгирии ин ҳолат, сарфи назар аз ҷаримаҳо, ҳанӯз ҳам натиҷаҳои назаррас ба назар намерасанд.

«Ин дар ҳоле аст, ки дар чумҳурӣ ҳаракати мошинҳои вазнин, ки беш аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд, манъ шудааст. Ғайр аз ин, дар баъзе роҳҳои калон дар фасли зимистон ва тобистон барои ҳаракати ҳама мошинҳои вазнин маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад», — таъкид намуд вазир.

Мутахассисон чунин мегӯянд, ки таъсири харобиовари як мошини боркаш ба роҳ ба таъсири 100 000 мошини сабукрав баробар аст. Ҳаракати мошини боркаш, ки тибқи меъёр бор гирифтааст, ба мум (асфалт) баробари 20 000 мошини сабукрав, яъне панҷ маротиба камтар  осеб мерасонад.

Инчунин бояд гуфт, ки мошинҳои гаронвазн барои дигар иштирокчиёни ҳаракат низ дар роҳ хатар эҷод менамоянд. Аз ин сабаб дар бораи вазни мошинҳои боркаш дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳо қарорҳои қатъии ҳукумат содир мешаванд.

Мошине, ки аз ҳад зиёд бор дорад, ба осонӣ суръат мегирад, вале хеле бо душворӣ ист менамояд. Ба ибораи дигар, чунин мошин одатан қодир аст зуд ҳаракат намояд, аммо идора ва ист доданаш осон нест. Аз ин рӯ, садамаҳо бо мошинҳои пурбор метавонанд марговар бошанд. Инро садамаи нақлиётие, ки моҳи августи соли сипаригардида дар шаҳри Кӯлоб рух дод, исбот намуд. Бино ба хабари расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳангоми  рӯ ба нишеб овардани автомобили боркаши «Дулан», ки  бо суръати баланд ҳаракат менамуд, системаи тормози он аз кор баромад. Дар натиҷа автомобили гаронвазн ба якчанд мошин ва хонаҳои истиқоматӣ бархӯрда, сабаби марги одамон гардид.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласа ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва воҳидҳои дахлдор супориш дод, ки ҷиҳати пурзӯр намудани назорати ронандагони мошинҳои боркаш бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд», аз ҷумла таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи барномаи «Тарозуи ҳушманд» оид ба насби таҷҳизоти рақамии назорати вазн ва андоза дар роҳҳои мошингарди мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 10, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд