Эмомалӣ Раҳмон: «Таъкид месозам, ки ҳар оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад»

Январь 28, 2024 15:06

ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар оилаи мамлакат даъват намуданд, ки ба муҳлати то ду сол маводи зарурии ғизоӣ захира намояд.

«Бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст, — изҳори нигаронӣ намуданд Сарвари давлат. — Солҳои охир доим таъкид месозам, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад».

Пешвои миллат дар идома таъкид намуданд, ки ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, аз таҳлили амиқи вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза, гусаста шудани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ бармеояд.

«Дар шароити бисёр мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир мо бояд боз ҳам бештар заҳмат намоем, замину обро самараноку оқилона истифода барем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем ва барои амалисозии ҳадафи стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро гузорем», — тазаккур доданд Президенти Тоҷикистон.

АКС аз бойгонӣ

Январь 28, 2024 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»