Игор Черевченко: «Тоҷикистон ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст»

Январь 29, 2024 11:13

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ҳаштякфинали чемпионати Осиё аз ҷониби мутахассисони шинохтаи соҳа ба таври шоиставу арзанда баҳо гузошта шуд. Собиқ сармураббии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Игор Черевченко дар мусоҳиба бо сомонаи маъруфи «Спорт Эксперсс» доир ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфтааст, ки ғалабаи футболбозони тоҷик шоистаи таҳсин,  ҳаққонӣ ва як ҷаҳиши муҳим дар рушди футболи тоҷик аст.

«Онҳо ғалабаи ҳаққонӣ ба даст оварданд,  бояд дар вақти асосӣ пурра бозиро бо ғалаба ҷамъбаст менамуданд. Барои тамоми мардуми Тоҷикистон ин иди бузург аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аллакай ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст. Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон ба даври минбаъда низ роҳ меёбад. Аз бозии имрӯза маълум буд, ки дар баъзе ҳолатҳо тими Тоҷикистон хеле хуб  ва ҳатто аз рақиб беҳтар бозӣ кард. Тавре ки маълум аст, рақиби дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ғолибони ҷуфти Ироқ — Урдун мебошанд. Тоҷикистон метавонад, ки ин дастаҳоро низ мағлуб созад. Умед дорам, ки дастаи мунтахаби Тоҷикстон то даври нимниҳоии мусобиқоти Осиё роҳхат мегирад», -афзуд Игор Черевченко.

Хотирнишон месозем, ки 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид. 

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд