ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар ҳамкории мутақобилан судманд менамояд
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо эътирофи аҳамияти рушди ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди Ҷумҳурии Тоҷикистону Қатар ва бо мақсади таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд, инчунин мусоидат ба табодули таҷриба дар Давҳа Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Санад дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид.
Ба имзо расидани ин санад имкон фароҳам меорад, ки ҳамкории мутақобилан судманд густариш ёфта, нақши назарраси минтақаҳои озод дар баланд бардоштани бартарияти рақобатнокии корхонаҳо ва давлатҳо дар ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва мусоидат ба ҳамкории мутақобила дар соҳаҳои иқтисод, саноат, илму техника амалӣ шавад.
Ҳадафи Ёддошти тафоҳум бунёди заминаи умумии ҳамкории минтақаҳои озоди ҳарду давлат мебошад. Дар доираи ин санад тарафҳо мубодила ва ҳамкориро байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла бо маҳдуд нагардидан бо татбиқи мубодилаи таҷриба дар самти ҷалби сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили сафарҳои мутақобил ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, табодули иттилоот дар самти баланд бардоштани иқтидори кормандони минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мусоидат ба ҳамкории тарафҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ анҷом медиҳанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






