РУШДИ САНОАТ. Корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳаки шаҳри Душанбе дар асоси ашёи хоми ватанӣ фаъолият менамояд

Январь 19, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 19.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе сохтмони корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак вусъат меёбад. Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир ва риояи талаботи экологӣ бунёд гардида, дар он зиёда аз 200 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳсулоте, ки дар оянда дар ин корхона истеҳсол мегардад, ивазкунандаи воридот мебошад. Дар ҳоле, ки дар мамлакат корҳои сохтмонӣ дар авҷ аст, талабот ба чунин маҳсулот дар дохил хеле зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва истеҳсоли оҳак асосан дар асоси ашёи хоми ватанӣ, ки аз конҳои фоиданоки мамлакат истихроҷу дастрас мешавад, фаъолият менамояд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 10 январи соли равон дар ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум вакилон ­мас­ъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони корхона бо ҷалби сармояи мустақим амалӣ шуда, дар он дар як сол 3 млн. метри мураббаъ маснуоти гилин, 3,5 млн. метри мураббаъ маснуоти сафолин, 40 ҳазор тонна маснуоти бетонӣ, 200 ҳазор метри мукааб маснуоти семент ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол мегардад.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён изҳор дошт, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои амалишавии лоиҳа 40 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, муҳлати татбиқи он 10 сол муқаррар гардидааст.

«Лоиҳаи мазкур дар ду марҳила амалӣ мегардад. Марҳилаи якуми он аз санаи оғози корҳо, аз ҷумла интихоби майдони сохтмон, таҳияи асноди сохтмонӣ, сохтмон ва ­васлу насби маҷмааи иншооти техникӣ, дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли маснуот ва марҳилаи дуюм аз рӯзи оғози истеҳсолот то рехтан ва бастабандии маҳсулот, фурӯш ва содироти онро дар бар мегирад»,- илова намуд Комрон Исмоилиён.

Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак асос гузоштанд.


Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак дар шаҳри Душанбе дар асоси технологияи пешқадами ҷаҳонӣ бунёд ёфта, ба хотири ҳифзи табиат ва камтаъсир будан ба муҳити зист тамоми меъёрҳои экологӣ ба инобат гирифта шудааст.

Истихроҷу коркарди оҳаксанг дар корхонаи алоҳида, ки дар доираи ҳамин лоиҳа, дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб сохта мешавад, амалӣ мегардад. Коргоҳи истеҳсоли оҳаксанг дар масоҳати 4 гектар дар назди кони оҳаксанг бунёд ёфта, барои ба амалигардонии сикли пурраи истеҳсолот ва истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Тибқи лоиҳа, содироти тамоми номгӯи маҳсулоти корхона дар оянда дар назар дошта шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Точикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 19, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Душанбе мизбони ҷаласаи Шурои электроэнергетикии кишварҳои ИДМ мегардад
Дар Истаравшан 28 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
10 ширкати ватанӣ меваҳои хушки Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии GROWTECH/Antalya–2025 муаррифӣ менамоянд
Дар ноҳияи Данғара сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Себистон» идома дорад
Дар Душанбе озмоишгоҳи геотермалӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд
Ҷаласа оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба таври фосилавӣ 6 иншооти истеҳсолию хизматрасониро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд