КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Муқовимат бо он кафили рушди босуботи ҷомеа мебошад

Январь 2, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Мақсади ҳамоиш мубориза бо зуҳуроти номатлуб -коррупсия буд, ки он дар доираи нақша чорабиниҳои маърифативу иттилоотии зиддикорупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир  шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки коррусия зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, ба рушди минбаъдаи давлатҳои олам ва таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии  шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло шуруъ аз Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад мақомоти дахлдор таъсис дода шуда, ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба мубориза бо коррупсия таҳия ва қабул гардиданд.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо назардошти хусусият ва эҳтиёҷи он, албатта, нисбат ба дигар соҳаҳо муроҷиати шаҳрвандон зиёдтар мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамарӯза ба хотири қонеъ гардонидани муроҷиати шаҳрвандон дар иҷрои вазифаҳои худ пурмасъул буда, баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва роҳ надодан ба ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешем.

Бояд гуфт, ки ҳамасола маблағгузории соҳа ва музди меҳнати кормандон ба маротиб зиёд гардида, муассисаҳои тиббӣ бештар ба таъмир фаро гирифта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин мешаванд.

Ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои пешбурди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат тавассути мукаммалсозии заминавӣ ва меъёриву ҳуқуқӣ бартараф намудани омилҳои бавуҷудомадаи хавфҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тайғироти кадрии соҳавӣ фаъолиятро идома дода, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии  аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббиву иҷтимоӣ муосир тадбирҳои мушаххас  анҷом дода  истодааст. Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва мақсадноки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021 -2025) бо фармоиши дахлдори Вазорати тандурустӣ нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои то солҳои 2022 тасдиқ гардида, иҷрои он дар ҳама муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳиявӣ таъмин гардид.

Инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият» бо фармоишҳои дахлдори Вазорат гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, нақшаи амал вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои  солҳои 2023 -2024 тасдиқ гардид.

Ҳамзамон бо мақсади андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақшаи чорабиниҳои маърифатии иттилооти зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2023 тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор дода шудааст. Дар мавриди ин зиёда аз 121 маротиба дар байни кормандони соҳаи тандурустии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия омӯзишу вохӯриҳо гузаронида шуданд.

“Ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки бо роҳ надодан ба ҳолати коррупсионӣ мо оилаҳои худро хушбахту солим нигоҳ медорем”,-гуфт Ҷамоллидин Абдуллозода.

Ҳамзамон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода  тазаккур дод, ки агар ба таҳлилҳои илмӣ назар намоем, коррупсия воқеан ба ҳайси зуҳуроти манфур дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳодисаи нав нест. Ин падидаи номатлуб аз давраҳои хеле қадим арзи ҳастӣ дошта, вале коршиносон авҷи онро ба охирҳои асри ХХ ва аввалҳои асри ХХI нисбат додаанд. Ҳоло раванди хуруҷи он идома дошта, ба ҳолати имрӯза амалан давлате вуҷуд надорад, ки аз таъсири он эмин бошад.

Албатта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати тозаистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин раванд берун ва аз хатари коррупсия эмин ва дар канор монда наметавонист. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва заковати дурбинона ҷиддияти ин масъаларо сари вақт дарк намуда, ҳанӯз аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ муқовимат ба коррупсияро дар меҳвари сиёсати хеш қарор доданд.  Чунончи, 21 июли соли 1999 Фармони Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба тасвиб расида, ҷиҳати амалисозии воқеии муқовимат бар зидди ин зуҳурот 10 декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул шуд, ки минбаъд ин қонун бо инобати уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардид. Ҳамзамон дар сатҳи байналмилалӣ соли 2003 ба Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдом ва қадамҳои устувори такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Минбаъд бо дарки саривақтии оқибатҳои ногувори хатари коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсияро ба имзо расонида, соли 2008 онро тасдиқ ва ҳамчун қисми таркибии низоми қонунгузории мамлакат эътироф намуд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта бо ташаббуси сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсус таъсис дода шуд. Таъсиси Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо созмон додани комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон дар се маврид таҳия ва амалӣ намудани стратегияҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва барои давраи то соли 2030, ки дар айни замон низ татбиқи он ҷараён дорад, шаҳодати ташаккули сиёсати ҳамоҳангшудаи зиддикоррупсионӣ бо ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва сохтору мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва муборизаи дастҷамъона бо ин падидаи манфӣ маҳсуб шуда, амалисозии чунин чорабиниҳо дар самти муқовимат ба коррупсия аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо шинохта шудааст.

Имрӯзҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ Ҳукумати мамлакат ҳамчун самти муҳими фаъолият дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

«Яке аз сабабҳои зуҳури коррупсияро омилҳои инсонӣ ташкил медиҳанд. Бинобар ин дар баробари дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бештар ба ҳамин хотир аст, ки омилҳои инсонӣ дар самти хизматрасонии музднок бартараф ва ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин самт коҳиш дода шаванд»,-иброз дошт Сулаймон Султонзода.

Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вобаста ба самти фаъолияти худ дар баробари назорати таъмини истифодаи самарабахши маблағу воситаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, инчунин вазъи хизматрасонии тиббӣ ва риоя гардидани талаботи қонунгузориро дар ин самт тибқи салоҳияту ваколатҳои худ назорат бурда, ҷиҳати огоҳонӣ, пешгирӣ, ошкору бақайдгирӣ, таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, экспертизаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо мунтазам кор мебаранд.

Бояд гуфт, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳақиқат дар адои вазифаҳои хизматӣ, бахусус рисолати касбӣ баҳри солимию некўаҳволии сокинони Тоҷикистон, раванди бунёдкориву созандагӣ ва мустаҳкамнамоии дастовардҳои соҳа, ҳамзамон пояҳои Истиқлоли давлатӣ хизматҳои шоиста анҷом дода, ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба коррупсия корҳои назаррас ба анҷом расонидаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон шахсияти табибро чунин тавсиф намуда буданд:  «Табиб бояд накӯкор, софдил, беғараз, боинсоф, ҳақгўй ва хушмуомила бошад». Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба ин қадршиносиҳои Ҳукумату давлат ва эътимоди мардуми Тоҷикистон сазовор бошем ва дар аввалин мавриди дарки ин суханони ҳикматомези Пешвои миллат ақидаи худро ҷиҳати дар шахсияти худ тарбия намудани хислатҳои ҳамидаи касби табибӣ камолот бахшем ва дар маҷмуъ байни кормандони соҳа фазои таҳаммулнопазириро нисбат ба коррупсия эҷод намуда, дар фаъолияти рӯзмарра амалӣ созем.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат мақоми ваколатдор ва дар таъмини раванди муқовимат ба ин падидаи манфур масъул аст.  Вале мо набояд фаромӯш намоем, ки муқаррароти меъёрҳои моддаҳои 8 ва 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» тамоми вазорату идораҳо ва кулли шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба ҳайси субъектҳои муқовимат ба коррупсия пешбинӣ намудааст ва зимнан ҳамаи моро уҳдадор намудааст, ки  бо коррупсия муқовимат намоем.

Аз ин хотир ҳамагонро зарур аст, ки иҷрои вазифаҳои хизматии худро мунтазам ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастҷамъона ҷиҳати паст намудани шиддати коррупсия равона созем.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 2, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд