Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Кунмини музофоти Юннан, дар ҷанубу ғарби Чин баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Kazinform» иттилоъ медиҳад.
Марафони Кунмин, ки бори ҳаштум баргузор шуд, дар оғози мусобиқа тақрибан 15 ҳазор варзишгар ва дӯстдорони давро ҷамъ овард, ки барои онҳо ташкилкунандагон чор масофа — 42,2 км, 21,1 км, 5 км ва дав барои волидон ва кӯдаконро омода намуданд.
Роҳҳои марафони Кунмин дорои иҷозатномаи тиллоии Федератсияи умумичинии варзиши сабук, инчунин иҷозатномаи нуқрагии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук мебошанд.
Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2016 инҷониб ҳамасола дар Кунмин баргузор мешавад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: pixabay.com








Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба рушди устувор иштирок намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар машварат вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд






