МО ҲАМ МИСЛИ ТОҶИКИСТОН БА «ШОҲНОМА» БАРГАРДЕМ. Шоҳномашиносони эронӣ иқдоми Сарвари давлати моро доир ба тақсими ин китоб ибратангез номиданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нашр ва ройгон тақсим намудани китоби «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи тоҷик, ки 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров садо дод, дар давлати ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мо- Эрон дар доираҳои адабиву илмӣ ва корбарони шабакаҳои маҷозии ин кишварро ҷонибдорӣ пайдо намуд. Ба андешаи шоҳномашиносони эронӣ, ин иқдом накӯ ва шоистаи дастгирӣ аст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Шоҳномапажуҳи маъруф ва узви Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳаққӣ, ки ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри гузашта бо доираҳои илмӣ ва академии Тоҷикистон робитаҳои хуб дошта, аз вазъи фарҳангу адабиёти муосири тоҷик огоҳии комил дорад, ибтикори Пешвои миллатро иқдоме ибратангез дониста, гуфтааст: «Умедворам мо ҳам мисли Тоҷикистон ба «Шоҳнома» баргардем ва онро аз худамон бидонем. Бо ин ғафлате, ки мо дорем, мо меросҳои худамонро аз даст медиҳем. Аз Мавлавӣ ғафлат намудем, ӯро аз мо гирифтанд, аз Низомӣ ғафлат намудем, ӯро низ аз мо гирифтанд. Агар мо ғафлат намоем, доштаҳоямонро аз мо мегиранд, набояд аз мероси худ дар ғафлат бошем. Ҳамин иртиботи хуби мо бо Тоҷикистон аст, ки ҳадди ақалл забони якдигарро мефаҳмем».
Ин шоҳномашиноси маъруф дар гуфтугӯ бо хабаргузории «Исно» ва дар вокуниш ба назари баъзе аз нафароне, ки ибтикори нашр ва ҳадяи «Шоҳнома»-ро иқдоми накӯ донистаанд, вале ба моҳияти чопи ин шоҳасар ба хатти кириллик сарфаҳм нарафтаанд ва чопи онро ба хатти ниёгон тарҷеҳ додаанд, таъкид сохтааст, ки «хатти кириллик хатти имрӯзи мардуми Тоҷикистон аст». Бино бар ин, М.Ёҳаққӣ таъкид намудааст, ки «ин ки «Шоҳнома» ба хатти кириллик бошад, муғтанам аст. Суҳбат намудани тоҷикҳо бо мо фарқе надорад. Мо якдигарро мефаҳмем ва онҳо «Шоҳнома»-ро комилан мефаҳманд…. Агар ҷудоии забонӣ шавад, иртиботи мо бо онҳо қатъ мешавад, дар ҳоле ки бо онҳо аз тариқи забон дар тамос ҳастем ва инро бояд ғанимат донист».
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ дар идома таъкид намудааст, ки «тоҷикон Фирдавсиро бобои худ медонанд». Ба андешаи ӯ, «Фирдавсӣ ба форсизабонони дунё ҳувият додааст, зеро ин шоири бузург пуштвонаи забони форсӣ ва меҳвари таҳкими забон ва фарҳанги онҳо аст. Тоҷикон ҳанӯз аз соли 1991 пас аз дарёфти Истиқлоли миллияшон Фирдавсиро мазҳари фарҳангии худ қарор доданд. Ин аст, ки ҳамон сол онҳо ҳайкали 18-метрии Фирдавсиро сохтанд. Ҳоло ин ҳайкал дар майдони хеле бузурге қарор дорад, ки боғи Фирдавсӣ ном дорад ва домоду арӯсҳо, қабл аз по ниҳодан ба саҳнаи зиндагии мустақилонаашон ҳатман дар пояи ҳайкали Фирдавсӣ гул мегузоранд ва аз ӯ дуо мегиранд. Ҳамон солҳо тоҷикон дар Душанбе як ҳамоиши бузурги илмии байналмилалӣ барои Фирдавсӣ баргузор намуда буданд».
Номбурда дар идома ёдовар шудааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тӯс омад ва ба зиёрати Фирдавсӣ рафт. Сарвари давлати тоҷикон ба хабарнигорон супориш дод, ки аз мақбара филм бигиранд ва бобои тоҷиконро дар Тоҷикистон намоиш диҳанд».
М. Ёҳаққӣ ҳамчунин аз ҳамоиши байналмилалӣ зери унвони «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома», ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 12 – 14 сентябри соли гузашта дар Душанбе баргузор шуд, ёдовар шуда, онро «ҳамоиши беназир» унвон намудааст ва изҳор доштаст, ки «дар Эрон чунин ҳамоиш мо надоштем».
Ҳамчунин шоҳномашинос ва устоди забону адабиёти форсӣ Мир Ҷалолиддини Каззозӣ, ки дар гуфтору навиштораш аз корбурди вожаҳои арабӣ то ҷое имкон дорад, худдорӣ менамояд, ибтикори нашру ҳадяи «Шоҳнома»-ро ба ҳар хонаводаи тоҷик аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста дониста ва гуфтааст: «Ин огаҳӣ аз диди ман бисёр арзанда ва бофараҳ аст, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд «Шоҳнома»-ро бо дабираи кириллик дар дастраси мардум биниҳанд. Бад-ин гуна «Шоҳнома» дар миёни тоҷикон бештар роҳ хоҳад ёфт ва ҳамагон метавонанд бо он ошноӣ биҷӯянд ва аз он баҳра бибаранд ва бо фарҳанги пешинаву деринаи гаронсанги худ ошноӣ биҷӯянд. Ман ин амалро коре шоиста медонам. Дар пояи он чи гуфта шуд, ман бар онам ин баргардон дар дабира, ки аз «Шоҳнома» анҷом гирифтааст, рухдоде аст бешугун ва беҳин. Онро ба тоҷикон фаррухбод мегӯям».
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчӣ бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид.
Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ таъкид намуданд, ки «ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳанӯз аз оғози фаъолиятам ба ҳайси Роҳбари давлат борҳо иброз дошта будам, ки мо бояд кӣ будани аҷдодамон ва худамонро донем, яъне решаҳои худро шиносем, ба онҳо арҷ гузорем ва аз насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем».
АКС аз манбаъҳои боз








Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» фарҳангу ҳунари Тоҷикистон муаррифӣ шудааст
Ба зиёда аз 28 ҳазор хонаводаи шаҳри Бохтар китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Озмун сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст»
4 лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи мерос дастгирӣ ёфт
Бахшида ба баргузории Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир шуд
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад
Аъзои ҲХДТ намоиши «Достони Сиёвуш»-и «Шоҳнома»-ро тамошо намуданд
Байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳайати ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балет дар Операи Рим ҳунарнамоӣ менамояд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ нигоҳдорӣ мешавад






