ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар деҳаи Темурмалики шаҳри Турсунзода асфалпӯшкунии 3 км роҳҳои байнидеҳавӣ оғоз гардид

Январь 2, 2024 11:02

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Темурмалики Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ба асфалтпӯшкунии 3 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Тавре қаблан хабар додем, кӯчаҳои деҳаи Ортиқ Ҷумаеви Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода баъд аз асфалтпӯшкунии роҳҳои байнидеҳавӣ пурра чароғон гардиданд.

Бо саҳми соҳибкорон ва сокинони деҳа дар 50 нуқта чароғҳои равшанидиҳанда насб гардиданд, ки маблағи умумии харҷи он 18 ҳазор сомониро ташкил дод.

Масъалаи ободонии маҳал дар шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода идома ёфта, дар деҳаи дурдасти Хонақоҳи Кӯҳии Ҷамоати деҳоти Навобод бо саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар нақша аст, ки 3 км роҳи деҳа қумфарш шавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 2, 2024 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд