ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи ҶДММ «Суғдтекстайлз» навсозӣ мешавад

Январь 17, 2024 15:28

ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат дар шаҳри Хуҷанд корхонаи ҶДММ «Суғдтекстайлз»​ навсозӣ мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Корхона бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти неруи содиротии мамлакат, то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ дубора ба кор андохта мешавад.

Корхонаи азими саноатӣ бо таҷҳизоту технологияи муосири истеҳсоли кишварҳои аврупоӣ муҷаҳҳаз шуда, дар он коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубори матоъ таъсис дода мешаванд.

Дар айни замон корҳои омодагӣ идома дошта, муассисон тасмим гирифтаанд, ки дар марҳилаи аввал коркарди то 6000 тонна пахтаро амалӣ намоянд.

Ёдорвар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021  бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла  раванди саноатикунонии босуръати мамлакат пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 17, 2024 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд