«ПАЁМ, ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ин мавзуъ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба дастгирии сиёсати давлатии ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои ин қишри ояндасози мамлакат як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуд. Зиёд гардидани стипендияҳои президентӣ низ аз ҳамин гуна дастгириҳо маҳсуб мешавад, таъкид гардид зимни ҳамоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти вохӯрӣ иброз гардид, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Таъкид шуд, ки пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз ҷавонон вобастагии амиқ дорад, зеро онҳо неруи тавоно ва созандаи давлату миллат маҳсуб мешаванд. Вобаста ба ин зарур аст, ки ҷавонон масъулиятшиносу ташаббускор бошанд ва баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ҳамзамон доир ба дастгирии давлатии ҷавонон зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи марбут ба ҳаёти ҷавонон, муқаррар намудани имтиёз ва дигар тадбирҳо ба ин қишри ҷомеа, нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳои давлатдории навини миллӣ андешаронӣ карда шуд.
Аз ҷавонон ва варзишгарон ҷиҳати аз даст надодани зиракии сиёсӣ, аз бар намудани илму донишҳои замони муосир, баланд бардоштани ифтихори ватандӯстӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳои давлатӣ ба хотири вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






