Президенти Тоҷикистон: «Камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки тамоми имкониятро самаранок истифода намоем»
ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки истифодаи самараноки тамоми имконияту воситаҳоро таъмин намоем. Яъне, имсол бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо гузаронидани кишти такрории пайваста ва гирифтани 3-4 ҳосил бояд таъмин шавад. Чунин изҳор доштанд 24 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳарчанд соли 2023 фаровонии бозори истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо таъмин гардид, вале бо назардошти тамоюлҳои манфии иқтисоди ҷаҳон ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим ҳифзи амнияти озуқаворӣ минбаъд низ ҳамчун вазифаи муҳим боқӣ мемонад.
Бо мақсади амалисозии фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар ин самт мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Президенти мамлакат ин сохтору мақомотро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда тадбирҳои иловагии пешгирикунанда андешида, муътадилии нархҳоро дар соли равон таъмин намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






