Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мулоқот намуданд

Январь 22, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  футбол мулоқот намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди футбол дар мамлакат, дастгирии давлатии соҳа, оммавигардонии футбол ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳар чи бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва бо дастовардҳои арзанда парчами мамлакатро дар арсаи олам баланд бардоранд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  футбол  нахустин маротиба  дар Ҷоми Осиё иштирок менамояд.

То имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  футбол, ки дар гурӯҳи «А» шомил аст, дар доираи Ҷоми Осиё-2023 бо дастаҳои Чин ва Қатар рақобат намуд.

Шоми рӯзи 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  футбол дар шаҳри Давҳа дар доираи Ҷоми Осиё-2023 бо дастаи мунтахаби Лубнон рақобат менамояд.

Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу намуданд.

Мулоқот бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол 22.01.2024

Январь 22, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон