Соли 2023 бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар корхонаю объектҳо 70 нафар зарар дидаанд

Январь 30, 2024 15:17

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар корхонаву объектҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 ҳодисаи нохуш сабт шудааст, ки дар натиҷа 36 нафар ҳалок ва 34 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Ба 70 нафар зарардида (аз ҷумла, 36 нафар фавтида) аз ҷониби корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеӣ дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии яквақтаина ва кумаки пулию молӣ расонида шуд.

Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат 30 январ дар Душанбе дар нишасти матбуотӣ сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохушро дар корхонаю объектҳои зериназоратии Хадамот тавзеҳ дод. Гуфта шуд, ки омили асосии сар задани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю объектҳо- ин, пеш аз ҳама, бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.

Раҳим Санъат гуфт, ки барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо аз ҷониби комиссияи тафтишотӣ нисбат ба 10 шахси ҳуқуқӣ, 45 шахси мансабдор ва 2 шахси воқеӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда, ҷарима баста шуданд.

Ҳамзамон Раҳим Санъат иброз намуд, ки ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ мутахассисони хадамот 2270 вайронкунии бандҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ошкор намуданд. Барои бартараф намудани қоидавайронкуниҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 225 санад-нишондод ва 11 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.

Инчунин соли 2023 328 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои сабтшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо ҷарима ситонида шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2024 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд