Соли 2023 дар Душанбе 9685 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардид
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар шаҳри Душанбе 9685 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, 61 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз баргузор гардид, маълумот дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Иброз гардид, ки ҳоло шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 82 536 нафар мебошад, ки онҳо дар 994 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд.
Таъкид гардид, ки ташкилоти ҳизбии пойтахт дар доираи ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муроҷиатномаҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри сабз» ва «Шаҳри гулрез» табдил додани шаҳри Душанбе, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва сабзазоркунии пойтахт 8075 бех ниҳоли ороишиву сояафкан шинониданд.
«Вобаста ба ташвиқу тарғиби нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои миллӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ сохторҳои шаҳрии ҳизб байни сокинон 17 201 мулоқоту суҳбат, хониши сиёсӣ ва силсилаи чорабиниҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд», — иброз шуд дар маҷлис.
Дар фарҷом аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои далдор қабул гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷлис роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, раисони якчанд кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад






