Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориро дар таҳияи Ҳисобот оид ба иқлим ва рушд дар Тоҷикистон оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2024/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориро дар таҳияи Ҳисобот оид ба иқлим ва рушд дар Тоҷикистон (CCDR) оғоз намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳисоботи мазкур, ки то моҳи июли соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, ҳадафаш арзебии осебпазирии мамлакат ба тағиребии иқлим, пешниҳоди стратегияҳои муассири мутобиқшавӣ, коҳиш ва гузоштани замина барои ташаббусҳои рушди устувор мебошад.
Дар доираи раванди таҳияи Ҳисобот аз 15 то 19 январи соли 2024 аввалин машваратҳои ҳукуматӣ баргузор шуданд. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ бо масъулини вазорату идораҳои марбутаи соҳавии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуда, масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таҳияи CCDR таҳқиқоти ҳамаҷониба, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, раванди машварат ва иштирокро дар бар мегирад. Ин раванд ҳамкории васеъро бо ҷонибҳои манфиатдори ҳукумат, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд барои таъмини ҳуҷҷати ҳамаҷониба ва фарогир талаб менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид






