ҶУДО. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи Paris Grand Slam 2024 дар шаҳри Сочи омодагӣ мебинад

Январь 15, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Русия дар шаҳри Сочи барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳарду  давлат ҷамъомади машқӣ- таълимӣ доир намуд. Дар ин хусус  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон  хабар  медиҳад.

Ҷамъомади тамринӣ дар Маркази омодагии олимпии шаҳри Сочи 11 январ оғоз гардида, 18  январ анҷом меёбад. Ҷудочиён зери роҳнамоии мутахассисон Тамура Тори ва Фотеҳ Маҳмадбеков тамринҳо доир менамоянд.

Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар  шаҳри Сочи марҳилаи асосии омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ба  мусобиқаи байналмилалии   Paris Grand Slam -2024 оид ба гӯштини ҷудо   маҳсуб мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки  мусобиқа аз 2 то 4 феврали соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Январь 15, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд