Ваксинаҳои COVID-19 дар Аврупо ҳаёти тақрибан 1,5 миллион нафарро наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) рӯзи сешанбе иттилоъ дод, ки ба воситаи ваксинаҳои бехатар ва муассири COVID-19 дар Аврупо ҳаёти 1,4 миллион нафар наҷот ёфт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии иттилоотии «Казинформ» бо истинод ба Euronews хабар додааст.
Ваксинаҳо миқдори фавтро аз моҳи декабри соли 2020, вақте ки паҳншавии он оғоз ёфт, то моҳи марти соли 2023 57% коҳиш додаанд, гуфта шудааст дар гузориш.
Дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор намуданд, ки агар таъсири ваксина намебуд, шумораи умумии фавтидагон дар минтақаи Аврупо, ки тахминан 2,5 миллион нафар аст, метавонист ба 4 миллион нафар расад.
Директори бюрои минтақавии созмон дар Аврупо доктор Ҳанс Клюге тавсия дод, ки одамони зери хатар қарордошта, бахусус пиронсолон ва онҳое, ки масунияти паст доранд, бояд пас аз 6-12 моҳ баъд аз вояи охирин ваксинаи пурқувват гиранд.
Таҳқиқот нишон дод, ки синни 96% одамоне, ки ҳаёташон тавассути ваксина наҷот ёфт, аз 60 боло будааст.
Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки дар Аврупо сатҳи баланди гирифторӣ ба зуком мушоҳида мешавад.
Шуъбаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ инчунин ҳушдор дод, ки вазъи COVID-19, гарчанде ки шумораи ҳодисаҳо коҳиш меёбад, метавонад дар минтақа тағйир ёбад, зеро паҳншавии шакли нав бо номи JN.1 дар байни шахсони бемор афзоиш меёбад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мухтор Холдорбеков/«Kazinform»








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






