Зиёда аз 19 ҳазор ҷопонӣ пас аз ду ҳафтаи заминларзаҳо дар марказҳои тахлия боқӣ мондаанд
ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 19 ҳазор ҷопонӣ пас аз ду ҳафтаи ба амал омадани силсилаи заминларзаҳо дар нимҷазираи Ното аз 1 январ дар марказҳои тахлия боқӣ мемонанд. Дар ин хусус маълумоти нашрнамудаи маъмурияти префектураи Исикава шаҳодат медиҳад.
Тибқи маълумоти охирин, 221 нафар бар асари офати табиӣ ба ҳалокат расида, 24 тани дигар бедарак шудаанд. Шумораи зарардидагон ба 1 015 нафар расидааст. Дар минтақаи офати табиӣ беш аз 12 ҳазор бино пурра ё қисман вайрон шудаанд.
Аз 1 январ дар Ҷопон беш аз 1000 заминларза рух додааст. Ин аз шумораи умумии заминларзаҳо дар кишвар дар сеюним соли охир зиёдтар мебошад. Таҳдиди сунами ба тамоми соҳили ғарбӣ зиёда аз 20 соат давом намуд. Тибқи маълумоти зилзилашиносони ҷопонӣ, заминларза бо қувваи 7,6 балл аз соли 1885- аз замоне, ки сабти маълумот оғоз ёфт, барои ин минтақа пурқувваттарин ба ҳисоб меравад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






