1064 нусха Китоби сурхи Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат 1064 нусха Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуд. Ин иқдом дар ҷаҳочўби татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» амалӣ гардид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 феврали соли равон хабар дода шуд.
Бояд гуфт, ки Китоби сурх ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба таъмини ҳифзу нигоҳдорӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҳифзу афзоиш ва истифодаи оқилонаи набототу ҳайвонот ва гуногунии биологӣ нигаронида шудааст.
Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон ҷамъбасти тамоми маълумоти мавҷуда доир ба ҳаёт, паҳншавӣ, вазъи гурӯҳ, тағйири миқдори ҳайвонот ва набототи нодиру камшумор, муайян намудани вазифаҳои амиқи минбаъдаи тадқиқу дарёфти роҳҳои асосии муҳофизат ва таҷдиди онҳо ҷамъ оварда мешавад.
Тибқи талаботи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат, Китоби Сурх бояд дар ҳар даҳсола як маротиба бознашр шавад.
Аввалин Китоби Сурх бахшида ба олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистони соли 1988 нашр шуда буд. Дар он 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои олӣ тавсиф шудаанд. Соли 1997 китоб ба тоҷикӣ тарҷума шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки 15 октябри соли 2015 нашри дуюми Китоби Сурх, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия шудааст, ба чоп расид. Ба он 267 намуди растаниҳои олӣ ва 222 намуди ҳайвонот (аз ҷумла 43 паранда, 44 ҳайвоноти ширхӯр, 31 хазанда, 14 моҳӣ, 81 ҳашарот, 9 ҳайвони баҳрӣ) дохил шудаанд.
Аз оғози соли 2023 дар ҷумҳурӣ омӯзиш ва таҳияи нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






