РУШДИ ДЕҲОТ. Соли гузашта 2 шаҳрак таъсис дода шуда, номи 2 деҳот ва 12 деҳа иваз гардид

Февраль 6, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 06.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 3 соли охир дар ҷумҳурӣ 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 897 майдончаҳои варзишӣ бунёд карда шудааст. Аз ҷумла,  3  муассисаи томактабӣ, 12  толори варзишӣ, 34 майдончаи варзишӣ   дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 23 муассисаи томактабӣ, 21 толори варзишӣ, 47  майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 14  муассисаи томактабӣ, 112  толори варзишӣ, 361  майдончаи варзишӣ дар шаҳру  ноҳияҳои вилояти Хатлон, 18  муассисаи томактабӣ, 16  толори варзишӣ, 62 майдончаи варзишӣ  дар   ноҳияҳои  шаҳри Душанбе, 46  муассисаҳои  томактабӣ, 115  толори варзишӣ  ва 393 майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру  ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ  сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ин маълумотро Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он  натиҷаи таҳлили ин ниҳод   вобаста  ба иҷрои дастуру  супоришҳои   Пешвои миллат  мебошад, 2 феврали соли равон зимни  нишасти матбуотӣ  пешниҳоди хабарнигорон намуд.

Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2023 аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани шаҳрак, ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини навбунёд, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Левакант, Восеъ, Зафаробод ба имзо расонида, бо қарорҳои мазкур 2 шаҳрак таъсис дода, номи 2 деҳот, 12 деҳа иваз карда, 1 маҳали аҳолинишини навбунёд ба категорияи деҳа мансуб дониста шуд.

«Дар айни замон,  7 лоиҳаи карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин, таъсис додани шаҳрак ва деҳот, ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишини навбунёд таҳия гардида,  дар баррасӣ ва мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд», -гуфта шуд дар нишасти мазкур.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад