Ҳадафи Маркази миллии тестӣ таъмини шаффофият, адолат ва баробарҳуқуқӣ дар асоси донишу қобилият мебошад

Февраль 6, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷорӣ намудани низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақозои замон буда, ҳадафи он ҷорӣ намудани принсипҳои шаффофият, адолат, баробарҳуқуқӣ ва дастрасии баробар дар асоси донишу қобилият барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар тамоми гӯшаву канори мамлакат мебошад.

Имрӯз дар Душанбе нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 баргузор гардид. Ба хабарнигорони расонаҳои иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2023 фаъолияти марказ баҳри таъмини арзёбии шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, гузаронидани пажуҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тестгузаронӣ равона гардид.

Ҳамчунин Марказ дар давраи ҳисоботӣ Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро ташкил ва баргузор намуда, тақсимоти довталабонро  дар асоси натиҷаҳои Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод.

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Марказ корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар шакли даврҳои шиносоӣ ҳамасола аз моҳи январ то охири моҳи март дар се марҳила- ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳо ва дар миқёси муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мешаванд.

Соли 2023 бо назардошти тарҷибаи солҳои пеш ва бо мақсади беҳтар намудани сифати корҳо ба ҳар 35 муассисаи таълимии шаҳрҳо ва ноҳияҳо 1 таблиғгар ба кор ҷалб гардид. Соли 2022 ба 50 муассисаи таълимии шаҳрҳо ва ноҳияҳо 1 таблиғгар рост меомад. Бо мақсади ҷалби таблиғгарон ба кори муваққатӣ аз ҷониби роҳбарияти Марказ ба сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуби расмӣ ирсол гардид, ки дар он оид ба пешниҳод намудани рӯйхати таблиғгарон дархост шуда буд. Аз ҷониби сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои амалӣ намудани иттилоърасонию таблиғот дар соли 2023 дар доираи ИМД, дар умум 137 нафар аз 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба ҳайси таблиғгар пешниҳод гардиданд.

Дар баробари ҷалби таблиғгарон, ки бо онҳо се даври омӯзишӣ гузаронида шуд, ҳамчунин гурӯҳи корӣ иборат аз 29 корманди Марказ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, падару модарон ва омӯзгорон вохӯриҳо баргузор намуда, оид ба моҳияту хусусият ва тартибу қоидаҳои ИМД маълумот доданд.

Ҳамчунин соли 2023 барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Марказ 28 ҳазору 800 нусха дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» (28 ҳазор нусха ба забони тоҷикӣ ва 800 нусха ба забони русӣ), 10 номгӯй маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми А, маҷмуаи саволу масъалаҳои тестӣ, қисми Б, 3 ҳазору 754 нусха барнома ва модули даври омӯзиши низоми ИМД ва ҳамин миқдор диск бо маводи иттилоотию методӣ таҳия гардида, ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дода шудааст.

Тавре дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар яке аз чор даври ИМД-2023 иштирок намуда, холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) соҳиб гардида, ба озмун (тақсимот) роҳ ёфтанд, 68 ҳазору 994 нафарро ташкил дод. Мувофиқи натиҷаҳои ҳамаи озмунҳои баргузоркардаи Марказ, соли 2023 аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии ба озмун роҳёфта ҳамагӣ 65 ҳазору 138 нафар сазовори номи донишҷӯй шуданд.

Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум), ки соли 2023 холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) соҳиб гардида, ба озмун роҳ ёфтанд, 15 ҳазору 354 нафарро ташкил дод. Мувофиқи натиҷаҳои ҳамаи озмунҳои баргузорнамудаи Марказ, соли 2023 аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум)-и ба озмун роҳёфта ҳамагӣ 12 ҳазору 400 нафар сазовори номи донишҷӯй шуданд.

Соли 2023 дар бораи вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ягон аризаи апеллятсионӣ пешниҳод нагардид. Давоми 10 соли баргузории имтиҳонҳо чунин ҳолат — вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон танҳо як маротиба- соли 2022 ҷой дошт.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиш баргузор гардид
1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
Дар ноҳияи Шоҳмансур 34 омӯзгор ва 697 хонандаи фаъол қадрдонӣ гардиданд
Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид