Агентии «Тоҷикстандарт»: «Дар ҳолати риоя нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба мо муроҷиат намоед»
ДУШАНБЕ, 05.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиати ҳамагӣ 122 нафар, соли 2022- 57 нафар, соли 2023 муроҷиати 85 истеъмолкунанда дар робита ба нуқс доштан ё пастсифат будани маҳсулоти харидаашон, ки онро фурӯшанда бозпас нагирифтааст, ворид гардид. Ин матлабро директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандонашро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидани ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя менамояд. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул шудааст.
«Дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон, аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар як истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид менамояд ва ё ба поймол намудани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф намудани нуқсони мол ё иваз намудани он, ҷуброн намудани арзиши мол ва ё мутобиқан паст намудани нархи он, барқарор намудани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, маълумоти пурраву дақиқ дар хусуси моли харидашаванда ва тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ нишон дода шудаанд»,- афзуд ӯ.
Гуфта шуд, ки мувофиқи талаботи қонун, истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли бесифат фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда аз ин хусус огоҳ нанамудааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки он ба моли дигари ҳамин тамға ё ба ҳамон навъ моли тамғаи дигар иваз шавад. Ҳамчунин фурӯшанда бояд нуқсони молро бемузд бартараф ё маблағеро, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн намояд. Ҳамчунин истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли бесифат ба ӯ расидаро талаб намуда, иваз намудани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар ҳолати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ дар муддати то 14 рӯз талаб намояд.
Таъкид шуд, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати риоя нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намоянд. Дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандон ва поймол шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ба монанди фиреби харидор, кам баркашидан, кам чен намудан, моли бе сифату ғайристандартиро бо роҳи фиреб фурӯхтан ва ғайра агентӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд






