Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос гардиданд

Февраль 23, 2024 14:22

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо роҳбарии муовини якуми директори Мактаби Ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Се Чунтао дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод, дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон нигораҳо ва дигар ёдгориҳои нодири таърихӣ, ки инъикосгари таъриху фарҳанг ва тамаддуни қадимии халқи тоҷик мебошанд, муаррифӣ гардиданд.

Муовини якуми директори Мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Се Чунтао баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон сабт кард.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд