Ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия доир шуд

Февраль 6, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарияти  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои ҳамкории сайёҳии Тоҷикистон ва Туркияро мавриди баррасӣ қарор дода, рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони тоҷику туркро муҳим арзёбӣ намуданд.

Аз натиҷаи ин ҷаласа санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Протокол ва Нақшаи амали он ба имзо расонида шуданд.

Ҳамзамон дар ҳошияи сафар ҳайати Тоҷикистон дар Агентии муаррифӣ ва рушди сайёҳӣ (TGA), Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар сохторҳои давлатию тиҷоратии соҳаи сайёҳии Туркия бо роҳбарият мулоқот анҷом дод.

Зимни ҷаласаҳо оид ба сохтор ва фаъолияти ин ташкилот рӯнамоҳои дахлдор пешниҳод гардида, имконияти тақвияти ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти мубодилаи таҷриба байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат  баррасӣ шуд.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 6, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд