Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Васэдаи Ҷопон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар Ҷопон дар Донишгоҳи Васэда бо намояндагони сохторҳои илму маориф вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо мақсади вохӯриро густариш додани ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Васэдаи Ҷопон ҳисобида, ҳамзамон ҷиҳати ташкил намудани даврҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин татбиқи барномаҳои муштарак ибрози андеша намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Васэда 21 октябри соли 1882 таъсис дода шудааст. Донишгоҳ яке аз марказҳои калонтарини омӯзиши забони ҷопонӣ буда, дар он зиёда аз 300 фан ба донишҷӯён таҳсил дода мешавад. Омӯзиши масъалаҳои технология аз ҷумлаи фанҳои омӯзишӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки сафари ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Ҷопон бо мақсади омӯзишу шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадам ва тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Тоҷикистон доир мегардад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






