Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса доир ба пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода таҳким меёбад

Февраль 5, 2024 18:19

ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо Сафири Фақулода ва Мухтори тозатаъйини Ҷумҳурии Фаронса Элза Пинёл баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ба меҳмон оид ба ҳолатҳои фавқулодаи хоси минтақа ва Тоҷикистон, корҳои анҷомёфта дар самти коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт маълумот дода шуд. Ҳамзамон оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин ҳамкории кумита бо Фаронса дар ин самт ибрози назар шуд.

Иброз гардид, ки робита байни Тоҷикистон ва Фаронса дар ин самт хеле муҳим аст ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад.

Сафири Фақулода ва Мухтори тозатаъйини Ҷумҳурии Фаронса иброз дошт, ки кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҳамкорӣ байни ду давлат дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода минбаъд рушд ва таҳким ёбад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 5, 2024 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд