«Амонатбонк» ва «KazakhExport» ҳамкориро дар самти маблағгузории савдо густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо Ҷамъияти саҳомии «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон зимни мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо муовини раиси Ҷамъияти саҳомоии «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Куаниш Мукажанов дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо аз натиҷаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда ҳамкориро дар самти маблағгузории савдо ва кушодани хатҳои аккредитивӣ густариш медиҳанд.
«Амонатбонк» ҳамкориро бо «Ширкати содиротиву суғуртавии KazakhExport» аз соли 2020 оғоз намуда, то имрӯз тавассути ин ширкат ба 15 лоиҳаи гуногуни ширкатҳои ватанӣ дар ҳаҷми беш аз 23,5 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






