Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 35 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд

Февраль 7, 2024 17:15

ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорат ва муайян намудани мутобиқати забони давлатӣ эълону рекламаи 456 лоиҳаи ангораҳои соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунандаро дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, онҳоро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мутобиқ намуд.

Бо вуҷуди ин имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки дар кӯчаву хиёбонҳо шиору овезаҳои зиёде насб мешаванд, ки бисёре аз онҳо ғалат навишта шудаанд ё ба талаботу қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нестанд.

«Ин нишонаи он аст, ки маърифати ҳуқуқии баъзе шаҳрвандону соҳибкорон дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Аз ин лиҳоз онҳо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя наменамоянд»,- гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки эълону рекламаҳое ҳастанд, ки дар кӯчаву хиёбонҳо бо забони ғайр нашр мешаванд ва ин зиёдаравӣ аз ҷониби соҳибкорон аст. Ҳамзамон номҳое ҳастанд, ки онҳо тамғаи байналмилалӣ мебошанд. Новобаста аз ин дар ҳамкорӣ бо Кумита ва соҳибкорон номи бисёре аз ин тамғаҳои байналмилалӣ бо се забон гузошта шудааст.

Гуфта шуд, ки соли 2023 Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро амалӣ намуда, нисбат ба ташкилоту муассисаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо огоҳӣ ва санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти суд пешниҳод намуд.  Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 19 январи соли 2024,  соли 2023 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагирдидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 35 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, нисбат ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ба андозаи 30 ҳазору 684 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Аз ин маблағ 26 ҳазору 604 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2024 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад