Дар Ҷайҳун ду корхонаи коркарди лимӯ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони ду корхонаи коркарди лимӯ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки ҳаҷми сармоягузорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ин давра 25,5 миллион сомониро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 29,6 миллион сомонӣ расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат бо қарори раиси ноҳия соли 2023 майдони 1,7 гектар замин ҷудо шуд.
Ба гуфтаи Абдулҳафиз Одиназода, дар ноҳияи Ҷайҳун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасонии обу барқ соли гузашта ба 150,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи як сол пеш 20,8 миллион зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 14 субъект сабти ном шудааст. Ба онҳо ҳамагӣ 5,2 га (1,3%) замин ба иҷора дода шудааст, ки ҳоло 9 адади он фаъолият дорад.
АКС: Рӯзномаи «Хатлон»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд






