Дар Бохтар вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтари вохӯрии роҳбарияти милитсияи Хатлон бо фаъолону аҳли ҷамоати шаҳр дар робита ба пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бартараф намудани зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи комили сиёсӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар мулоқот сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода дар мавзуи «Баррасии вазъи ҷинояткорӣ дар Бохтар ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа» сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки тибқи таҳлилҳои соҳавӣ, содиршавии баъзе ҷиноятҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар тамоюли афзоиш дошта, баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озод, чорабиниҳои мақсадноки маърифатӣ-ҳуқуқӣ ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, одоби муоширати сокинон, махсусан наврасону ҷавонон, пешгирии муноқиша ва авбошиҳои гуруҳӣ мусоидат менамояд.
Ба таъкиди сардори раёсат танҳо дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон пеши роҳи ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа гирифта шавад.
Дар қисмати дигари мулоқот иштирокдорон доир ба рафъи мушкилот ва омилҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда таклифҳо пешниҳод намуданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






