Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент пули мошингузар сохта шуд

Февраль 4, 2024 10:37

ДУШАНБЕ, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент пули мошингузар сохта шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, ин пул бо саҳми сокинони деҳа ба тариқи ҳашар бунёд гардидааст.

Сокинони деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош пайваста барои ободу зебо намудани маҳалли зисти худ, аз ҷумла бунёди мактаб, роҳу пул, муассисаҳои тиббӣ талош менамоянд. Чанд сол қабл бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр онҳо барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии деҳа саҳм гузоштанд. Ҳоло корҳои ороишӣ дар бинои дуқабатаи беморхонаи минтақавӣ, ки онро ҳам  сокинон бо роҳи ҳашар бунёд намуданд, идома дорад.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ташаббусҳои созандаи сокинони ҷумҳурӣ барои ободии диёр баҳои баланд додаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Февраль 4, 2024 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд