Дар Душанбе бо мақсади бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ доир гардид

Февраль 12, 2024 17:21

ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода фаъолияти мақомоти аъзои  Шуроро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки тибқи таҳлилҳо дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоии ба саломатӣ хатарнок ва пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам фаъолияти мақомоти аъзои Шуро беҳбудӣ тақозо менамояд.

Таъкид гардид, ки давоми рӯзҳои охир тариқи воситаҳои ахбори омма ҳолатҳои зиёди ошкоркунии маҳсулоти воридотӣ ва истеҳсоли дохилии пастсифат аз тарафи мақомоти ваколатдор ба намоиш гузошта мешаванд. Аз вазъияти ҷойдошта чунин натиҷагирӣ мешавад, ки ҳамоҳангии мақомоти назоратӣ коста шудааст. Бо назардошти вазъи ҷойдошта дар ҷаласаи навбатии Шуро бояд роҳу усулҳои пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифати ғизоиро муайян намуда, барои амалӣ намудани фаъолияти босамар қарор қабул намоем.

Инчунин дар ин самт раиси Шуро аъзоро ба масъулиятнокӣ, мунтазам амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон ва вусъат додани ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалию шарикони рушд ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузорӣ ва таъмини мақомот бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ даъват намуд.

Масъулин оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва дар ин замина пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок, ҳолатҳои сироятёбии аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти дар шароити хона тайёргардида ва дар ин робита тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ тариқи воситаҳои ахбори омма  боз ҳам тақвият додани назорати истеҳсол ва фурўши маҳсулоти хӯрокворӣ, таҳия ва таҷдиди санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ибрози андеша намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳоло ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки аз коҳиш ёфтани санҷишҳо истифода бурда, ба сифати маҳсулоти хўрокворӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ин раванд зарур аст, ки ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тақвият дода шуда, ҳамчунин тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ (ҳам истеҳсолкунандагону воридкунандагон ва ҳам истеъмолкунандагон) зиёд шавад.

Дар идомаи ҷаласа ҳамзамон вобаста ба масъалаи ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии GLOBAL.G.A.P, ки самтҳои бехатарии соҳаи кишоварзиро ба танзим медарорад, инчунин мушкилоти ҷойдошта дар самти савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда (савдои кӯчагӣ) гузориши масъулин шунида шуд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Февраль 12, 2024 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд