Дар Душанбе дар мавзуи «Аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Февраль 17, 2024 11:58

ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар мавзуи «Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ва доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази омӯзиши пиряхҳо.

Дар конференсия масъалаҳо доир ба аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар раванди таҳқиқоти илми пиряхшиносӣ, шарҳи самтҳои асосии қонуни мазкур, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Абдулҳамид Қаюмов гуфт, ки қабули ин қонун дастоварди назаррас ва тақозои замон буда, раванди фаъолияти сохторҳои марбутаро вобаста ба мавзуи муҳими рӯз, яъне ҳифзи пиряхҳо, истифодаи захираҳои оби пиряхҳо ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар пиряхҳо оид ба мониторинг ва коркарди бахши ҳифзи пиряхҳо муайян намудааст.

Гуфта шуд, ки сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона шудааст.

Дар конференсия ҳамзамон намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳиягари асосии қонун мебошанд, дар бораи аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», инчунин намояндагон аз вазорати идораҳои соҳавӣ сухан намуданд.

Зимни муҳокимаи васеи илмӣ ҳамаи иштирокчиён ва баромадкунандагон имкон пайдо намуданд, ки дониш, фаҳмиш, таҷриба ва маҳораташонро оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар ҳамкорӣ амалӣ намоянд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Февраль 17, 2024 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд