Дар Душанбе дастовардҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Февраль 13, 2024 17:53

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 феврал дар Душанбе  дастовардҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон баррасӣ  шуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Тавре муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода баён намуд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил, мутахассисони соҳаи тиб, донорҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеа лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) дар Тоҷикистонро муваффақона ҷамъбаст намуд.

«Давоми чор сол ин лоиҳа дар самти мубориза бо бемории сил, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва тақвият бахшидан ба донишу малакаи кормандони соҳаи тиб ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Лоиҳа дар мубориза бо бемории сил дар мамлакат  саҳм гузошта, беш аз 83 000 нафар, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазир ва хатари баланддошта аз муоинаи ташхис гузаронида шуданд. Дар ин марҳила ҳолатҳои нав ошкор ва беморони гирифтори бемории сил барои табобат равон шуданд. Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, роҳнамоҳо, протоколҳои танзимкунандаи лабораторӣ, сохторҳои зиддисилӣ ва ёрии аввалини тиббию санитарӣ  дастраси беморон гардонида шуд.  Бо дастгирии USAID лабораторияи миллии референсӣ соҳиби шаҳодатномаи дараҷаи аъло барои гузаронидани санҷиши бемории сил бо усулҳои муосир гардид. Реҷаҳои нави кӯтоҳмуддат барои беҳтар намудани табобати сил ҷорӣ шуданд ва зарфияти  кормандони тиббӣ барои расонидани хизмати босифат баланд бардошта шуд. Дар маҷмуъ, 1645 мутахассиси соҳаи тиб ва 1392 мутахассиси соҳаи ғайритиб донишу малакаашонро оид ба ҷанбаҳои гуногуни мубориза бар зидди бемории сил такмил доданд»,-илова намуд Абдухолиқ Амирзода.

Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли иброз намуд, ки анҷоми муваффақи лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) дар Тоҷикистон марҳалаи муҳим дар мубориза бо бемории сил мебошад.

«USAID ба ҳамаи шарикон, ҷонибҳои манфиатдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии доимӣ дар татбиқи  фаъолияти лоиҳа изҳори миннатдорӣ менамояд. Муваффақияти ба дастомада бе ҳамкорӣ ва фидокории онҳо имконнопазир мебуд. Ин чорабинӣ дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо бемории сил нишон мемдиҳад»,-гуфт Питер Райли.

Хотиррасон менамоем, ки бемории сил – бемории сироятӣ буда, яке аз сабабҳои асосии бадшавии саломатӣ ва аз омилҳои асосии фавтнокӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Қабл аз пандемияи COVID-19 бемории сил сабаби асосии фавт аз як омили сирояткунанда буд ва аз ВНМО/БПНМ марговартар аст.

Бемории сил аз бактерияи Mycobacterium tuberculosis, ки ҳангоми ба ҳаво паҳн шудани бактерияҳо аз шахси гирифтори сил ихроҷ мегарданд, (масалан, ҳангоми сулфа) мегузарад. Беморӣ одатан ба шушҳо зарар мерасонад (сили шушӣ), аммо он метавонад ба дигар узвҳои бадан низ таъсир расонад. Бемории сил табобатшаванда аст, аммо бе табобат сатҳи фавтнокӣ аз ин беморӣ дар сатҳи хеле баланд боқӣ мемонад (тақрибан 50%).

Соли 2021 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ беш аз 6,4 миллион ҳолати нави гирифторӣ ба бемории силро сабт намудааст, новобаста ба ин  4,1 миллион нафар (ҳолатҳои беморӣ)  бо далели мушкилоти марбут ба ошкоркунӣ ва гузориш додани ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудаанд. Соли 2021 1,6 миллион нафар аз бемории сил фавтид.

Бемории сили ба доруҳо устувор ҳамчун мушкилоти асосии саломатии аҳолӣ боқӣ мемонад. Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда- ин устуворӣ ба Рифампицин- яке аз самараноктарин доруи қатори якум ба шумор меравад. Штаммҳои беморие, ки ҳадди ақалл ба Рифампицин ва Изониазид устувор мебошанд, ҳамчун бемории сили ба доруҳои сершумор устувор (MDR-TB) муайян мешаванд. Тахмин меравад, ки байни солҳои 2020 ва 2021 сарбории бемории сили ба доруҳои сершумор устувор (MDR-TB) афзоиш ёфтааст. Соли 2021 дар бораи бақайдгирии 450 000 ҳолати нави гирифторӣ ба бемории сили ба Рифампицин устувор (RR-TB) маълумот дода шудааст.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон ба бемории гайморит аз беэҳтиётӣ нисбат ба саломатӣ гирифтор мешавад
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Соли 2024 фаъолияти беш аз 600 иншооти соҳаи тандурустӣ муваққатан манъ карда шуд
Вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт
Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҷони нафарони зиёдро наҷот додааст
«ЗАНОН ВА ПАЁМ». Дар Хатлон 50 ҳазор занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд
Дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳии Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва резиши сангу рег пешбинӣ мешавад
Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад