Дар Душанбе вобаста ба таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлил ва баррасии вазъи хизмтрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ҷаласа доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар ҳамоиш сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ, таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар якчанд муассисаи соҳавӣ, ки масъулини онҳо иштирок доштанд, мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Паст намудани беморшавӣ, фавти кӯдакон ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи ҳифзи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки соҳа боқӣ мемонанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






