Дар Хатлон дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот» конференсияи минтақавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат хабар медиҳад.
Конференсияи минтақавӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар мамлакат, дарки муҳимият ва нозукиҳои ин самти фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилот, пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар мамлакат дар доираи «Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» доир шуд.
Ҳамзамон намоиши воситаҳои техникии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ барои иштирокчиён дар маърази тамошо гузошта шуда, доир ба вазифаҳои онҳо маълумоти мушаххас манзур гардид.
Дар ҷараёни баргузории конференсияи минтақавӣ доир ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои соҳа, такмили савияи касбии кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилот, таъминоти моддию техникии соҳа бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.
Бо назардошти рушди техника ва технологияи муосир, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ баррасии масъалаҳои ҳифзи иттилоот аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлил ва корбарии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Ҳамзамон масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
АКС: Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон








Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»






