Дар Хатлон Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор шуд

Февраль 24, 2024 10:42

ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Шуро, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Вахш, Кӯшониён, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Темурмалик, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Панҷ ва Данғара иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

 Раиси вилоят Давлаталӣ Саид нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатиро дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас муҳим баён дошт.

Дар кори ҷаласа ҳисоботи раиси суди вилояти Хатлон, Комиссари ҳарбии вилоят, прокурори вилоят ва сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят шунида шуд.

Аз ҷониби раиси вилоят дастур дода шуд, ки бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён дар мавзуъҳои мухталифи ҳуқуқӣ суҳбату вохӯриҳо бештар гузаронида шаванд.

Дар охир вазифа гузошта шуд, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ, инъикоси ҳаёти сарбозони Артиши миллӣ дар Воситаҳои ахбори омма ва ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар нашрияҳои даврӣ тадбирҳои натиҷабахш андешида шаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 24, 2024 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд