Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки васеи кормандони идораву корхона ва ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Дар даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла, дар пухту пази якчанд навъ таоми миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони идораву ташкилот ва муассисаҳою маҳаллаҳои шаҳр аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
Масъулин таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Баъди таҳлилу хулосабарориҳо ҳайати ҳакамон ғолибони озмунро муаррифӣ намуданд. Ҳамин тавр, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар бахши «Ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз», Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар бахши «Омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом», мактаби санъати №4-и шаҳр дар номинаи «Пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо», Шурои занони маҳаллаҳои шаҳр дар номинатсияи «Маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир», Литсейи касбӣ-хизматии шаҳри Хуҷанд дар бахши «Малакаи омода намудани хӯришҳо», Хонаи акди никоҳи шаҳр дар номинаи «Малакаи омода намудани намудҳои гуногуни шӯридани хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ» мақоми аввалро ишғол намуданд.
Ба ғолибон Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим шуданд.
Ҳайати ҳакамон қарор намуданд, ки бо назардошти ҷавобгӯ будан ба талаботи озмун ва пешниҳоди навоварӣ дар он шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар даври вилоятии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» шаҳри Хуҷандро муаррифӣ намояд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






