Дар кони тиллои Туркия резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омада, одамон зери замин монданд

Февраль 14, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Иличи вилояти Эрзинҷони Туркия, дар қаламрави васеъ, ки дар он кони тилло ҷойгир аст, ярч фаромадааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ.

Иттилоъ дода мешавад, ки 9 нафар аз 667 коргаре, ки ҳангоми ҳодиса дар кон қарор доштанд, бедарак шудаанд. Эҳтимол онҳо дар зери замин мондаанд. Ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар ин минтақа 400 нафар ва зиёда аз 40 техника ҷалб шудаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтиш оғоз шудааст.

Акс: АЗЕРТАҶ

Февраль 14, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад