Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии шаҳри Теҳрон гўшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ оғоз гардид, ки дар он гўшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил шуд. Намоишгоҳи мазкур то 15 феврали соли равон идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар гўшаи Тоҷикистон имконияту зарфиятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла чанд намуди сайёҳӣ ва хатсайрҳои дар ин соҳа ташкилшударо ба иштирокдорони Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ муаррифӣ намуданд.
Меҳмонон ва иштирокдорони намоишгоҳи мазкур гўшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карда, барои сафар ба сарзамини офтобрўяи мо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки 18 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид. Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Интизор меравад, ки бо тақвият додани ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ миёни ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити сайёҳон боз ҳам густариш меёбад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид






