Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд

Февраль 20, 2024 18:03

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия хабар медиҳад. 

Бояд гуфт, ки  ҳамасола дар пойтахт бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  барномаҳои гуногуни маърифатӣ ва  озмунҳо  ташкил мегарданд. Озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» аз ҷумлаи чунин тадбирҳо аст, ки ҳоло даври ноҳиявии он дар шаҳри Душанбе идома дорад.

Озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин»- тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигаҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонуӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.

Ҳамин аст, ки баргузории он давоми солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, бахши иҷтимоӣ ва муассисаҳои олии миқёси ноҳия, маҳаллаю минтақаҳои ноҳия дар озмуни имсола фаъолона иштирок намуданд.

Мақсади озмун ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонавуи ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои кории нав, шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ арёзбӣ гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Февраль 20, 2024 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд