Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 баргузор гардид. Дар он ба 68 ҷоизадори мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 миллиону 462 ҳазору 500 сомонӣ тақдим шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, меҳмонони ифтихорӣ, масъулини соҳа ва варзишгарони шинохтаи мамлакат иштирок намуданд.
Дар оғози маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сухан гуфта, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баён намуданд.
Гуфта шуд, ки ин соҳа зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола заҳмату талош ва меҳнатҳои масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони мамлакат қадрдонӣ мешавад.
Дар идомаи маросими расмӣ озмунҳои соҳавӣ аз рӯи 17 номинатсия ҷамъбаст шуда, беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон













Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






