Дар шаҳри Гулистон бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Февраль 21, 2024 09:42

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Дар конференсия гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.

Бо назардошти вазъияти ҳамонвақта ва бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсӣ бо Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 роҳбарии фаврии вазорату идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба уҳдаи Сарвари давлат, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои бешумор тавонистанд, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофашон гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшанд. Ин буд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ заминаҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта шуданд.

Пас аз ду моҳи ба имзо расидани Фармони Раёсати Шурои Олӣ  «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23 феврали соли 1993 нахустин расми гузашти низомӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз таъсис ва ташкили Артиши миллии Тоҷикистон башорат дод ва 23 феврал расман Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонида, таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин раванд имрӯз низ идома меёбад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иброз  намуда буданд: «Давоми се даҳсолаи гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, 24 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва зиёда аз 100 иншооти хизматрасонии нав ба истифода супорида шуд. Дар ин давра ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат беш аз 2600 иншооту биноҳои нав бунёд ва ба истифода дода шуданд».

Ҳамчунин таъкид гардид, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу такомул ва пуриқтидор намудани вазъи моддиву техникии Қувваҳои мусаллаҳ, беҳгардонии шароити будубош ва таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ хеле назаррас аст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Февраль 21, 2024 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад