Дар Вазорати молияи Тоҷикистон барои маблағгузории лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи Суғд-500» созишномаҳо ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои қарзӣ, грантӣ ва лоиҳавӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи Суғд-500» ба имзо расиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Созишномаҳо имрӯз дар Вазорати молияи Тоҷикистон аз ҷониби Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳолгер Вифел ба имзо расонида шуданд.
Ҳадафи татбиқи лоиҳа ин таҷдид намудани системаи интиқоли неруи барқ, таъмини устувории хатҳои интиқоли барқ, паст кардани талафоти неруи барқ ва такмили таъминоти он дар минтақаҳои шимоли ҷумҳурӣ мебошад.
Маблағи созишномаҳои мазкур 35 миллиону 400 ҳазор евроро ташкил намуда, аз он 23 миллион евро қарз, 10 миллион евро грант ва 2 миллиону 400 ҳазор евро кумаки техникӣ мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






