Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол беҳтарин дастаи соли 2023 дониста шуд

Февраль 15, 2024 11:45

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 феврал натиҷаҳои соли 2023-ро ҷамъбаст ва барандагони ҷоизаҳоро дар бахшҳои мухталифи соҳаи варзиш муайян намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия ғолиб омад, ҷоизаи «Беҳтарин дастаи соли 2023»-ро соҳиб шуд.

Инчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Ҷоми Осиё-2023 муваффақона  бозӣ  намуда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва муваффақияти онҳо  дар таърихи варзиши мамлакат ҳамчун дастоварди беназир сабт гардид.

Илова бар ин Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин федератсияи варзишии мамлакат дар соли 2023 эътироф шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 15, 2024 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад